Масоили марбут ба ҳуқуқ ва ришваву фасод дар ҷомеа мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Зимнан, имрӯз дар маркази милии қонунгузорӣ бо иштироки намояндагони агентии мубориза бо коррупсия, ВКД, прокуратураи генералӣ ва устодони кафедраҳои ҳуқуқшиносии донишгоҳҳои кишвар мизи мудаввар дар мавзӯи «Ҳуқуқ, коррупсия ва ҷомеа» баргузор гардид. Масоили мутобиқат накардани қонунгузориҳои кишвар ба меъёру санадҳои байналмилалӣ дар мавриди мубориза бо коррупсия, мавҷудияти амалҳои коррупсионӣ миёни бархе аз мансабдорон, камсаводии масъулин боиси ба миён омадани амалҳои коррупсионӣ, зиёд шудани амалҳои коррупсионӣ дар факултаҳои ҳуқуқшиносӣ ва хунунукназарона муносибат намудани масъулини тоҷик зимни баррасиву қабули қонунҳои байналмилалӣ, баррасӣ гардид.
Раҳимов, директори маркази мазкур зимни баромадаш гуфт, мубориза алайҳи коррупсия дар сиёсати давлатии Тоҷикистон ҷойи муносибро касб намуда, президент ҳамеша мақомоти давлатӣ ва аҳли ҷомеаро барои мубориза ба ин зуҳуроти номатлуб ташвиқ менамояд. Зимни ин нишаст гуфта шуд, ки ошкоршавии амалҳои коррупсионӣ дар Тоҷикистон афзоиш ёфта истодааст, ки ин ё аз фаъол шудани мақомотҳои марбута дарак медиҳад ва ё аз зиёдшавии амалҳои коррупсионӣ.
Мӯҳр