Тавре қаблан иттилоъ дода будем, рўзи 21 июли соли равон, соати 17.30 дақиқа ҳангоми бозгашт аз сафари хизматӣ аз ноҳияи Ишкошим дар даромадгоҳи шаҳри Хоруғ генерал-майор Назаров Абдулло Саъдуллоевич , сардори раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон бар асари ҳамлаи ногаҳонии гурўҳи муташаккили ҷиноӣ, ки ба қочоқи тамоку даст дошт доштаанд, ба ҳалокат расид.
Манбаъ мегӯяд, тафтиши пешакӣ муайян кард, ки ҷинояти мазкур аз ҷониби аъзои дастаи мусаллаҳи ғайриқонунии Толиб Айёмбеков, сокини шаҳри Хоруғ, сардори қитъаи сарҳадии Ишкошим содир гардидааст. Номбурда ва ҳаммаслакони ў аз иҷрои талаби мақомоти тафтишот оид ба ҳозир шудан ва ҷавоб гуфтан дар назди қонун саркашӣ карданд.Бояд гуфт, ки Айёмбеков гурўҳи мусаллаҳи ғайриқонунӣ таъсис дода, дар давоми солҳои зиёд бо қочоқи маводи мухаддир, маҳсулоти тамоку ва сангҳои қиматбаҳо машғул шуда, чандин ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин, аз қабили бандитизм ва ғайраро содир намудааст.Бо мақсади пешгирӣ аз талафоти беҳуда дар байни сокинони осоишта бо супориши президенти мамлакат комиссияи ҳукуматӣ дар ҳайати вакилони мардумӣ, аъзои Ҳукумат, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ходимони давлативу ҷамъиятӣ, аҳли зиё ва уламои динӣ, фаъолони вилоят дар давоми се рўз бо Айёмбеков Толиб ва тарафдорони ў чандин маротиба вохўрда, пешниҳод намуд, ки силоҳҳоро ба замин гузошта ҷинояткоронро ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супоранд.Айёмбеков Толиб ин пешниҳодро қатъиян рад карда, баръакс ба гирдоварии ашхоси мусаллаҳи ҷиноятпеша оғоз намуд ва ба муқовимати мусаллаҳона шурўъ кард.
Маврид ба ёдоварист, дар гуфтугӯи телефонӣ бо расонаҳо Толиб Айёмбеков иртиботашро дар қазияи куштори генерал Абдулло Назаров рад карда, эълом дошт, ки ин ҳама барои сиёҳ кардани номи ӯ равона шудааст. Айёмбеков дар сӯҳбат бо хабарнигори Бӣ-Бӣ-Сӣ меафзояд, ки шояд ҳадафи аслии амалиёти мазкури низомӣ боздошти Ёдгор Шоҳмусалламов, Боқир Муҳаммадбоқиров, Имомназар Имомназаров ва худи ӯ бошад.
-Ман танҳо ба президент Эмомалӣ Раҳмон бовар дорам ва мо ду номаеро низ унвонии ӯ навиштааем. Вале то ҳол посухе ба мо наёмадааст. Охир, президент Раҳмон дар соли 2008 ба мо ваъда дод, ки дар Хоруғ ҳеч амалиётеро анҷом нахоҳанд дод,-гуфтааст Толиб Айёмбеков
Мӯҳр
« Ноябр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |