Корхонаи махсуси давлатии «Тиллои тоҷик» имсол нақшаи истихроҷи тиллоро иҷро накарда, 17 киллову 78 грам тилло насупоридааст.
Зимнан, Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон вобаста ба ин масъала ба ҳукумати кишвар ва Вазорати молия мактуб ирсол кардааст. Гул Шералӣ, вазири энергетика ва саноат зимни як нишасти хабарӣ таъкид намуд, ки плани истихроҷи нуқра низ иҷро нагардидааст. Номбурда сабаби инро ба корҳои омодасозии иншоот барои коркард дар як қисмати «Зарафшон» унвон кард: «Ваъда доданд, ки ҳамин моҳ дигар қафомонӣ намешавад. Мо мактуб навиштем ба хукумат ба Вазорати молия, ки ҳамин корхонаҳо аз ӯхдаи иҷрои истихроҷи нуқра набаромадаанд, ки ба иҷроиши саноати ҷумҳурӣ халал мерасонад».
Гул Шералӣ мегӯяд, ин масъала таҳти назорати Вазорати молия аст ва ӯ намедонад, ки онҳо чӣ гуна назорат мекунанд, ки нақша иҷро нашудааст. Дар маҷмӯъ Вазири энергетика ва саноат қайд намуд, ки корхонаҳои коркарди тиллои Тоҷикистон дар 6 моҳаи аввали соли равон 927 киллову 974 грамм тилло истихроҷ намудаанд ва ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7 килову 388 грамм зиёд мебошад.
Мӯҳр