Қарзи берунаи Тоҷикистон ба зиёда аз 2 миллиарду 127 миллион долар расид, ки ин нишондод нисбат ба аввали соли равон афзоиш ёфтааст.
Ҷамолиддин Нуралиев, муовини аввали вазири молияи Тоҷикистон имрӯз зимни як нишасти матбуотӣ гуфт, маблағи қарзи хориҷаи кишвар ба 29,7%-и ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) баробар шудааст.
Номбурда сабаби афзоиши қарзи берунаи Тоҷикистонро ба аз худ намудани қарзҳои ҷалбшаванда, ки маблағи 49, 75 миллион долларро ташкил медиҳад, рабт дод. Муовини аввали вазири молия илова намуд, ки дар 6 моҳаи ҳамин сол аз буҷети ҷумҳуриявӣ ба буҷетҳои маҳаллӣ маблағҳои мақсаднок дар ҳаҷми 198 миллин сомонӣ ҷудо карда шудааст, вале мутаасифона на ҳамаи захираҳои мавҷудаи молиявӣ ба буҷет ҷалб гардидаанд: «Танҳо аз рӯи 5 намуди андоз ба буҷет 126 миллион сомонӣ, аз ҷумла аз ҳисоби андоз аз фурӯш (пахта алюминий) 19,2 миллион сомонӣ, андоз аз маҳсулоти коркард 1,6 миллион сомонӣ, воридоти ғайриандозӣ 23,7 миллион сомонӣ, аксизҳо 81,6 миллион сомонӣ, андоз аз фаъолияти иқтисодии беруна 77,5 миллион сомонӣ ворид нагардид».
Мӯҳр