Имконият медиҳем, ки онҳо аз ин пас бо таври ихтиёрӣ барои ба нафақа баромадан андози иҷтимоӣ супоранд.
Нусратулло Давлатов, райии Кумитаи андоз мегӯяд, ин пешниҳодро аллакай ҳамаи вазоратҳои кишвар дастгирӣ карда, алъон тарҳи лоиҳа мавриди коркарда аст ва дар соли 2013 амалӣ хоҳад шуд.
«Муҳоҷирон тоҷик як давраи муайян фаъолият мекунанд баъдан омада нафақа мебароянд. Барои гирифтани нафақа мо ин имкониятро ба онҳо медиҳем, ки аз маблағҳои худашон, ки меҳнат мекунанд ба таври ихтиёрӣ дар фонди иҷтимоӣ андоз супоранд. Ин масъала ба ғайр аз лоиҳа муддати ду сол шуд, ки дар ҳукумат мавриди баррасӣ қарор дорад»,-афзуд оқои Давлатов
-Ин масъала дар дигар давлатҳо таҷриба шудааст, масалан дар Украина санаде барои муҳоҷирони меҳнатӣ қабул шудааст, ки онҳо ба таври ихтиёрӣ андоз месупоранд ва дар оянда аз ин ҳисоб нафақаи иҷтимоӣ мебароянд,- мегӯяд райиси Кумитаи андохзи Тоҷикистон
Мӯҳр