Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар арафаи Моҳи Шарифи Рамазон ба мардуми камбизоати Тоҷикистон дар ҳаҷми 200 тонна маҳсулоти озуқавории ниёзи аввала кӯмак расонд.
Ин кӯмакҳо аз равған, шакар, орд, биринҷ ва хурмо иборат буда, ба қавли масъулини сафорати Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон, сифати хеле баланд доранд. Як қисми маҳсулоти озуқаворӣ ба қавли масъулини сафорати Арабистони Саудӣ ба ятимхонаҳои Тоҷикистон интиқол мешавад.
Доктор Бандар Муҳаммад Ҷамил, сафири Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон зимни сӯҳбат ба хабаргузории Озодагон гуфт, подшоҳи Арабистони Саудӣ ба муносибати қудуми Моҳи Шарифи Рамазон ҳама сола ба мардуми тоҷик чунин кӯмакҳоро ирсол мекунад. Ба қавли номбурда, қабл аз расонидани кӯмакҳо бо масъулини тоҷик ҷиҳати ба кадом навъи маҳсулот ниёз доштани мардум машварат кардаанд: «Маҳсулоте, ки ба Тоҷикистон ҳамчун кӯмак ирсол шуд, онҳоро дар манзилҳои мардуми сарватманд ва миёнаҳол дидан мумкин аст. Дар худи Арабистони Саудӣ низ чунин маҳсулот дар хонаи камбизоатон ёфт намешавад. Тоҷикистон барои Арабистони Саудӣ мисли як бародари хӯрд аст ва бино ба ин, мо ҳамеша дар паҳлуи Тоҷикистон ҳастем».
Сафири Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон мегӯяд, дар оғоз робитаҳои иқтисодии ду ҷониб чандон нерӯманд набуд, то замоне, ки сафорати кишвараш дар Тоҷикистон ифтитоҳ шуд. Бандар Муҳаммад Ҷамил аз сатҳи феълии муносибатҳои иқтисодии Арабистони Саудӣ ва Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ кард. Сафири Арабистон афзуд, дар ояндаи наздик дар назар аст, як ҳайати баландпояи ҳукумати Тоҷикистон иборат аз мутахассисони соҳаи иқтисоду тиҷорат аз Арабистон дидан намоянд. Зимни ин сафар масъалаҳои иқтисодӣ баррасӣ хоҳад шуд. Доктор Бандар Муҳаммад Ҷамил иброз дошт, ки ин сафари қарибулвуқӯъ бо даъвати Арабистони Саудӣ роҳандозӣ шуда ва гоми устуворе дар рушди иқтисодии ин ду кишвар хоҳад гашт.
Мӯҳр