Имрӯз, 20-уми июл дар Душанбе масъалаи барқ ва мушкилоти он дар минтақа мавриди баррасӣ қарор мегирад.
Тавре ба Озодагон аз Вазорати энергетика ва саноат иттилоъ доданд, ин ҳамойиш бо ибтикори вазорат дар якҷоягӣ бо Котиботи Паймони Нерӯ баргузории 8-умин ҷаласаи гурӯҳи корӣ вобаста ба ҳамкориҳои минтақавӣ ва энергетикии кишварҳои Осиёи Миёна ва Ҷанубии кишварҳои аъзои Паймони Нерӯ мебошад. Тибқи барномаи баргузории ин чорабинӣ имрӯз дар вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гул Шералӣ бо ҳайати намояндагони Паймони Нерӯ бо роҳбари кулли ин сохтор- Урбан Руснак баргузор гардид. Дар вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкориҳо дар соҳаи энергетика мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Мӯҳр