Бахшҳо

Даргузашти профессор Мансур Бобохонов дар Душанбе

Мансур Бобохонов, доктори улуми таърих пас аз бемории тӯлонӣ дар Душанбе аз дунё даргузашт.

Мансур Бобохонов 81 сол дошт ва бештари умри хешро сарфи пажӯҳишу таҳқиқ намуд. Дар лаҳзаҳои беморӣ ва рӯзҳои ахири ҳаёти марҳум хешовандону пайвандон ва ҷумла фарзандону наберагонаш дар сари болини ӯ қарор доштанд.
Бобохонов раҳбарии маркази илмиву таҳқиқотии тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳонро дар назди донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба ӯҳда дошта, чанд таҳқиқоти ахири худро ба мавзӯи  ҳаёт ва фаъолияти  тоҷикони бурунмарзӣ бахшидааст.
Мансур Бобохонов 28 августи соли 1931 дар ноҳияи Конибодоми вилояти Ленинобод (ҳоло Суғд) таваллуд шуда, соли 1953 факултаи таъриху филологияи УДТ-ро хатм кардааст.  Солҳои 1965 то 1972 декани факултаи таърих ва филологияи ДДТ будааст. Як соли дигар ба ҳайси профессори кафедраи таърихи Донишгоҳи Славянии Тоҷикистон фаъолият дошт. То соли 2001 дар ҳамин донишгоҳ раҳбарии факултаи таъриху ҳуқуқ ва равобити байналмилалиро низ ба зимма дошт.
Мансур Бобохонов падари журналист ва муассиси гурӯҳи расонаҳои «Азия Плюс» аст, ки ин расона дар фазои иттилоотии Тоҷикистон тайи 15 соли ахир нақши босазо дорад.

Аз идора: Озодагон аз даргузашти устод Мансур Бобохонов андӯҳгин буда, ба наздикону пайвандони эшон таслият баён мекунад. Ҷойи марҳум ҷаннат ва рӯҳаш шод бод.    
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Декабр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)