Ӯ зимни ин изҳороти худ ба кишварҳои исломӣ муроҷиат кардааст, то дастаҷамъона барои боло бурдани нуфузу манзалати Ислом кӯшиш намоянд. «Мо бо амалҳои муштараки худ бояд дини сулҳпарвару созанда, адолатпарвару таҳаммулпазир будани Исломро муаррифӣ ва тарғиб намоем»
Райисҷумҳури Қазоқистон пешниҳоди таҳияи лоиҳаҳои муштараки кишварҳои исломиро карда, гуфтааст ин лоиҳаҳо барои муқобилият ба бадгӯиҳо нисбат ба ин таълимоти бузург дар сатҳи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ метавонад хидмат намоянд.
Бино ба андешаи Нурсултон Назарбоев, аз сӯи аксари ВАО-и байналхалқӣ Ислом ҳамчун дини ба амнияти миллӣ ва арзишҳои диниву фарҳангӣ таҳдидгар муаррифӣ гардида, аз он ҳамчун дини ба экстримизму терроризм бартариятдиҳанда ном бурда мешавад. Дигар набояд ин андешаро хомӯшона таҳаммул кард, - хулоса кардааст Нурсултон Назарбоев.
Гуфтанист, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон борҳо аз минбарҳои созмонҳои ҷаҳонӣ оиди исломситезии ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ВАО-и байналхалқӣ сухан карда, аз он пуштибон шуда буд ва аммо дар дохили кишвар бархе аз мақомоти Тоҷикистон бо қабули чанд санади ҳуқуқиву қонунӣ ва тасмимҳои охири худ, аз қабили бозгардонидани донишҷӯён аз мадориси исломӣ, манъи ҳиҷоб барои донишҷӯён ва манъи рафтани наврасон ба масоҷид нақши Исломро дар миёни аҳолӣ кӯшиши коста кардан доранд.
Мӯҳр« Ноябр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |