Намояндагии Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ дар шимоли кишвар ба фаъолият шурӯъ намуд.
Тавре аз ин вазорат ба Озодагон иттилоъ доданд, намояндагии ВКХ дар вилояти Суғд вазифадор аст, ки барои амалӣ намудани самти сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи фаъолияти хеш, рушди робитаҳои хориҷии вилояти Суғд, инчунин ҳамкории намояндагиҳои кишварҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалии дар вилоят амалкунанда мусоидат намояд.
-Аз ҷумла, бо мақсади ба роҳ мондани низоми соддаи судури раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистон Намояндагии ВКХ ваколатдор аст, ки ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар фурудгоҳи байналмилалии «Хуҷанд» таҳия намояд,-афзуд манбаъ.
Зимнан, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки тавассути хатсайрҳои байналмилалӣ ба Хуҷанд ташриф меоваранд, имконият доранд, ки баъд аз расидан бевосита дар фурудгоҳи «Хуҷанд» тибқи қоидаҳои таҳияи раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар сомонаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон оварда шудаанд, раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистонро гиранд.
Мӯҳр