Сармутахассиси ҶДММ «Сомон-аудит» бо иттиҳоми гирифтани пора аз ҷониби кормандони мақомоти Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Хуҷанд боздошт шуд.
Тавре ба Озодагон аз ВКД хабар доданд, Умарқул Шоимардонови 56 сола, сокини ҷамоати деҳоти Зиракии Кӯлоб, сармутахассиси ҶДММ «Сомон-аудит» бар пояи баёноти Парвиз Бегматови 36 сола, сокини ноҳияи Ашт ба даст афтод.
Номбурда барои ба тартиб даровардани ҳуҷҷатҳои муҳосибӣ, аз муҳосиби хоҷагӣ Парвиз Бегматов 2000 доллари амрикоӣ ва 2000 сомонӣ ҳамчун пора гирифтааст.
Феълан нисбати Умарқул Шоимардонов бо моддаи 319-и кодекси ҷиноӣ парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Мӯҳр