Ду сониҳаи нақлиётӣ дар як шабонарӯз мунҷар ба марги ду пиёдагарди ноболиғ гардид.
Тибқи иттилои Маҳмадшариф Шамсов, масъули РБДА рӯзи гузашта,17-уми июл, соати 09:00 ронандаи автомашинаи тамғаи «ВАЗ 23 093» рақами қайди давлатияш 97 07 АМ 02, Далер Маҳмадёрови 27 сола, ҳангоми ҳаракат бо роҳи мошингарди Айнӣ-Панҷакент дар километри 190-ум бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, пиёдагарди ноболиғ Мафтуна Ғоибназароваи 13 соларо пахш мекунад. Дар натиҷа ҷабрдида бо ҷароҳати вазнин дар вақти ба бемористон интиқол кардан ба ҳалокат мерасад.
Худи ҳамон рӯз соати 12:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «Нисан Сефиро» рақами қайди давлатиаш ВЕ 33 11 РТ 01, Ином Ҷӯрақулови 37 сола ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Ҳисор ба тарафи деҳаи Латабанд аз ӯҳдаи идораи автомашина набаромада, пиёдагарди ноболиғ Сироҷиддин Тоҷиеви 5 -соларо пахш мекунад. Пиёдагарди ноболиғ сахт ҷароҳат гирифта, ҳангоми ба беморхона бурдан дар роҳ ба ҳалокат мерасад.
Сарчашмаи хабар илова намуд, ки шабонарӯзи гузашта дар ҷумҳурӣ 9 садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари он 2 нафар ҳалок гардида, 7 тани дигар захм бардоштаанд.
Мӯҳр