Бахшҳо

Изҳори нигаронии Шукурҷон Зуҳуров аз шеваи ҳамкорӣ

Шукурҷон Зуҳуров, раиси парлумони Тоҷикистон дар доираи сафари расмии худ ба ҷумҳурии Корея бо донишҷўёни тоҷик, ки дар донишгоҳҳои олии ин кишвар таҳсил доранд, мулоқот анҷом дод.

Тавре Муҳаммадато Султонов, котиби матбуотии МН МО аз Сеул ба «Озодагон» хабар дод, дар мулоқот донишҷӯён ва ҳайати кории парлумон бештар дар мавриди вазъи бахши маорифи Тоҷикистон ва сиёсати кишвар табодули назар кардаанд. Шукурҷон Зуҳуров гуфтааст, ки Тоҷикистон ба мутахасисони хуб ниёз дошта, ҷавонон бояд аз имконияти мавҷуда истифода бурда, баъди таҳсил барои Тоҷикистон хидмат намоянд.

Зимнан,  дар анҷоми мулоқот раиси МН МО ба донишҷўёни тоҷик ёрии моддӣ ва тўҳфаҳои хотиравӣ супурдааст. Шукурҷон Зуҳуров дар доираи сафари расмии худ ба Ҷумҳурии Корея бо Ким Янг Хван, сарвари ҷамъияти дўстии парлумони ин кишвар мулоқот анҷом дод. Ҷонибҳо бештар масоили тақвияти равобит ва ҳамкории дуҷонибаи парлумониро мавриди баррасӣ қарор додаанд.  Зуҳуров  гуфтааст, ки муносибат ва равобити байнипарлумонии ду кишвар бояд ба марҳилаи нав гузашта, барои амалӣ гардидани ин раванд парлумонҳои Тоҷикистон ва Корея бояд талош варзанд.

Тибқи иттилои манбаъ, Шукурҷон Зуҳуров аз сарватҳои зеризаминии Тоҷикистон ёд оварда гуфтааст, ки ширкатҳои Корея метавонанд дар ин маврид бо ҳамтоёни тоҷик ҳамкориашонро ба роҳ бимонанд. Тоҷикистон дар минтақаи Осиёи Марказӣ нақши калидӣ дошта, ҳамчунин аз канданиҳои зеризаминӣ бой аст.

Ким Янг Хван низ дар навбати худ гуфтааст, ки ҷониби Корея барои густариш ёфтани ҳамкории парлумонҳо тамоми чораҳоро хоҳад андешид. Шукурҷон Зуҳуров аз сатҳи ҳамкории имрўза нигаронӣ намуда гуфтааст, ки дар ҳоли ҳозир танҳо як созишномаи миёни кишварҳо амал дорад. Барои боз ҳам беҳтар намудани ҳамкорӣ лозим аст, то асноди лозима дар сатҳи парлумонӣ, ҳукумат ва вазоратҳо ба тасвиб бирасад. Гуфта мешавад, дар ин сафар Шукурҷон Зуҳуровро вакилон Махфират Хидирова, Баракатулло Атохоҷа ва Шарофиддин Сироҷов ҳамроҳӣ мекунанд.{jathumbnail off}
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)