Бахшҳо

SOS:Афзоиш ёфтани фавти одамон дар ҷои кор

Ҳодисаҳои нохуш дар ҷои кор, ки боиси марги корманд гардидаанд, дар нимсолаи ввали соли ҷорӣ дар Тоҷикистон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта се маротиба афзоиш ёфтаанд.

Аз моҳи январ то июн дар истеҳсолот  9 ҳодисаи нохуш рӯй додааст, ки дар паи онҳо 11 нафар ҳалок гардида, 3 нафар ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштанд.
Исроил Алямов, муовини аввали Саридораи назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди ҳукумати Тоҷикистон яке аз сабабҳои афзоиши фавт дар ҷои корро зиёд гардидани ҳаҷми корҳо мегӯяд. Алямов  сабаби дигари зиёд сар задани ҳодисаҳои нохушро, нарасидани нозирон дар минтақаҳои корӣ ном бурд: «Дар саридораи мо ҳам як қатор мушкилот ҷой дорад. Дар ҳоли зиёд будани ҳаҷми кор ва иншооти зерназоратӣ шумораи ками кормандон, ки ҳамагӣ 2-3 нафарӣ ҳастанд, имкон намедиҳад, то корхонаю иншоот сари вақт  аз назорат  гузаранд. Ҳамчунин ба саридора як ташхисгоҳи сайёр намерасад».  
Алямов ҷиҳати беҳтар намудани фаъолияти Саридораи назорати бехатарӣ ва  пешгирии ҳодисаҳои нохушу садама дар истеҳсолот, ҷудо намудани 10 воҳидҳои кории иловагӣ ва 150 ҳазор сомонӣ барои хариди ташхисгоҳи сайёр зарур медонад, ки бояд Вазорати молия амалӣ кунад.

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Декабр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)