Дар доираи Стратегияи миллии рушди инфрасохтори сифат дар Тоҷикистон ва талаботи СҶТ на танҳо ҳазорҳо стандартҳои ҳатмии давлатӣ бекор мегарданд, балки худи «Тоҷикстандарт» ҳам аз байн меравад.
Ин нукта зимни нишасти матбуотии Агентии «Тоҷикстандарт» баён гардид. Гуфта шуд, ки бо эҳтимоли зиёд «Тоҷикстандарт»-ро «Мақоми танзими техникӣ» иваз менамояд, ки дар навбати худ аз сохторҳои алоҳида иборат хоҳад буд.
Бахтиёр Шукуров, раиси Агентии «Тоҷикстандарт» мегӯяд таҷдиди сохтори агентӣ бояд то соли 2020-ум пурра анҷом ёбад. Қаблан, замони оғози таҷдиди сохтори «Тоҷикстандарт»-ро масъулин соли 2013-ум мегуфтанд. Аммо ҷаноби Шукуров афзуд, ки дар буҷаи соли оянда барои таҷдиди сохтори «Тоҷикстандарт» маблағ пешбинӣ нашудаст:
«Бе маблағ аз буҷет ё манбаи дигари сармоягузорӣ мо дар самти таҷдиди сохтори агентӣ коре карда наметавонем».
Шукуров таъкид намуд, ки «Тоҷикстандарт» дар шакли мавҷудааш ҳам вазифаҳои дар ӯҳдааш гузоштаро то андозае ҳал карда истодааст. Раиси «Тоҷикстандарт» иттилоъ дод, ки бо мақсади нигоҳдории бозори истеъмолӣ аз воридшавии маҳсулоти барои ҳаёт ва саломатии шаҳрвандон зараровар аз ҷониби нозирони назорати давлатӣ дар нимсолаи аввал 2770 санҷиши субъектҳои хоҷагидор гузаронда шуда, аз ин шумора дар 601 ҳолат камбудиҳо ошкор гардидаанд. Дар ин давра ҷиҳати ҷорӣ намудани қоидаҳои савдо дар 3 ҳазору 158 корхонаву ташкилоти савдо ва бозорҳо санҷиш гузаронда шуда, дар як ҳазору 115 ҳолат амрияи ислоҳи камбудиҳо ва дар 578 ҳолат амрияи манъи фурӯш тасвиб шудааст.
Мӯҳр