Бахтиёр Шукуров, раиси «Тоҷикстандарт» мегӯяд, тибқи талаботи Созмони умумиҷаонии савдо ва меъёрҳои байналмилалӣ дар Тоҷикистон ҳам риояи меъёрҳои сифат ихтиёрӣ мегарданд.
-Риояи сифат ба дӯши бозор гузошта шудааст. Дар шароити иқтисоди бозорӣ ва рақобат, худи истеҳсолкунанда манфиатдор аст, ки маҳсулоти босифат истеҳсол намояд. Истеъмолкунанда дар сурати норозигӣ аз сифат метавонад аз харидории он худдорӣ намояд. Мо, асосан, паҳлӯи бехатариро назорат мебарем. Дар сурати хатарнок будани молу маҳсулот ҳатман ҷазо медиҳем ва ба ҷавобгарӣ мекашем,- мегӯяд Шукуров.
Райиси «Тоҷикстандарт» мегӯяд, дар бахши қонунгузории Тоҷикистон як раванд зуҳур ёфтаст: «Агар пештар зимни таҳияи қонунҳо асосан манфиати истеъмолкунандагон ба назар гирифта мешуд, айни ҳол қонунҳо ба тиҷорату соҳибкорӣ нигаронда шудаанд. Ин раванд тамоми кишварҳои собиқ шӯравиро фаро гирифтаст ва Тоҷикистон аз ин дар канор будан наметавонад».
Мӯҳр