Ҳозир ҳам дер нест, соли дигар ҳам дер намешавад, агар Ҷӯрабек Охунов,раиси пешини ширкати сохтмонии «Мовароуннаҳр» 58 миллион зарареро, ки ба 530 нафар мизоҷон расондааст, барқарор кунад ва ба ҳамон суде, ки парвандаро дидааст, пешниҳод кунад, суд ҳукми баровардаро бо ҷарима иваз мекунад ва ӯ озод карда мешавад.
Аммо дар суратҳисоби «Мовароуннаҳр» як дирам ҳам маблағ нест. Ин нуктаро Нусратулло Абдуллоев, раиси Суди Олӣ, зимни як нишасти хабарӣ дар Душанбе иброз дошт: «Аввал ин ки ман ҳақу ҳуқуқи ба парвандаи Ҷурабек Охунов дахолат карданро надорам. Қонунгузор дасту пои моро бастааст. Вале дар давоми баррасии парванда ду маротиба ташхиси молиявӣ гузаронида шуд, агар сарчашмаи маблағи сарфшуда муайян карда мешуд, аз ҳисоби иншоотҳои нотамом ҷиноят ҳам намешуд. Лекин, мутаасифона ҳамин чиз нест.»
-Ҷӯрабек Охунов, ки бо модаи 247-и КҶ-и ЧТ барои 7 солу 8 моҳ равонаи зиндон шудааст, ки қисми 4-и ин модда ҷаримаро пешбинӣ мекунад, ба шарте агар судшаванда товони заррари расонидашударо пурра талофӣ кунад, озод карда мешавад,-афзуд Нусратулло Абдуллоев
Ҷумъахон Давлатов, мушовири президенти Тоҷикистон, ки дар ин нишаст ҳузур дошт илова намуд, ки нисбати ширкат ягон чора андешида нашудааст, балки нисбати роҳбари ширкат чора андешида шудааст: « Ширкат фаъолият карда истодааст».
Дар ҳамин ҳол, ҷаноби Давлатов мегӯяд, ман ҳам тарафдор будам, ки бояд Ҷӯрабек Охунов ҳабс карда намешуд: «Ҳукумати Тоҷикистон як зумра қонунҳоеро қабул кардааст, ки нисбати ҷиноятҳои иқтисодӣ чораи ҳабс татбиқ карда нашавад. Тибқи ин қонунҳо агар ҷинояткор зарари расонидашударо барқарор кунад, ҳеч кас ҳуқуқи ҳабсашро надорад».
Ёдрас менамоем, Ҷӯрабек Охунов, раҳбари ширкати сохтмонии «Мовароуннаҳр» моҳи октябри соли 2010 боздошт шуда, мурофиаи додгоҳии ӯ моҳи августи соли 2011 дар Додгоҳи олии Тоҷикистон оғоз ёфт. Ӯ бо иттиҳоми қаллобӣ, тиҷорати ғайриқонунӣ ва бо роҳи фиреб азхуд кардани маблағҳои мизоҷон дастгир шуда буд. Ҳукми номбурда аз сӯи Додгоҳи олӣ эълом шуд ва тибқи он Охунов ба 14 соли зиндон ва мусодираи молу мулк маҳкум гардид. Аз се як ҳиссаи ин мӯҳлат мувофиқи Қонуни афв кам гардида, замони адои ҷазои айбдоршуда аз таърихи бозошти ӯ, яъне ноябри соли 2010 ҳисоб карда мешавад. Бар асоси ин, Охунов 7 солу 8 моҳи дигар дар ҳабс боқӣ мемонад.
Мӯҳр