Дар нимсолаи авали соли 2012-ум ба бонкҳои минтақаи Кӯлоб зиёда аз 37 миллион доллари амрикоӣ, 1 миллиарду 302млн.676 ҳазор рубли русӣ ва 26.415 евро ворид гаштааст.
Ба гуфтаи Сафар Саидов, раиси бахши Бонки миллӣ дар гурӯҳи шаҳру навоҳии Кӯлоб, ҳамаи маблағҳои воридотӣ аз ҳисоби муҳоҷирони меҳнатӣ будаанд, ки усулан дар Федератсияи Русия кору фаъолият мекунанд.
Дар ҳамин муддат, бахши Бонки миллӣ беш аз 9 миллионну 500 ҳазор сомонӣ пулҳои фарсудаву даридаро аз ташкилоту корхона ва аҳолӣ ҷамъоварӣ намуда, иваз намудааст:«Дар мавриди асъори хориҷӣ, агарчӣ фарсудаву дарида ҳам бошад, бахши минтақавӣ ҳуқуқи иваз намуданро надорад. Зеро дар мо таҷҳизоти зарурӣ барои санҷиши ин асъор нест. Корафтодагон метавонанд, танҳо ба Бонки марказӣ дар шаҳри Душанбе муроҷиат кунанд»
Мӯҳр