Дар ин бора ба хабарнигори маҳаллии Озодагон аз РКД-и вилояти Суғд иттилоъ доданд.
Тибқи иттилоъ манбаъ, аз ҷониби кормандони милисаи шаҳри Хуҷанд дар натичаи гузаронидани чораҳои фаври-ҷустуҷӯӣ бо гумони даст доштан дар гардиши ғайриқонунии маволи мухаддир шаҳрванд Ю.Ғ, сокини 31-солаи шаҳри Хуҷанд дастгир карда шудааст. Аснои кофтукови манзили истиқоматии ӯ, аз он ҷо 8 адад бастаи селофанӣ дарёфт ва мусодира карда шудааст.
Гуфта мешавад, маводи мазкур навъи «ҳашиш» буда, вазни хоси он 6 килову 415 гр-ро ташкил намудааст.
Оиди ин ҳодиса нисбати Ю.Ғ парвандаи ҷиноӣ бо моддаи 200 қисми 4 ( муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нащъадор, моддаҳои психотропӣ ё прекурсорҳо бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан)-и КҶ ҶТ оғоз карда, шуда тафтишот идома дорад.
Мӯҳр