Дар Тоҷикистон бархе аз таҳлилгарон ба сифати яке аз роҳҳои мукаммал ва камхарҷ намудани идораи давлатӣ, ихтисори вилояту ноҳияҳоро медонанд.
Аммо ба гуфтаи Шодӣ Шабдолов, раиси коммунистҳои кишвар ин кор агар амалӣ шавад, натиҷаи баръакс хоҳад дод. Ӯ мӯътақид аст, ки ихтисори ноҳия ва вилоятҳо пешравиеро ба бор намеорад: «Дар мо чандин бор ин таҷриба амалӣ шудаст ва фоиданокиашро нишон надод. Ҳанўз дар замони роҳбарии Хрущёв як қатор вилоятҳоро аз қабили Ленинободу Қӯрғонтеппаю дигарҳоро барҳам доданд. Ноҳияҳоро якҷо намуданд, ки мушкили мардумро зам намуданд. Барои як маълумотномаи хурд шаҳрвандонро барои мисол зарур меомад аз Кўли Сарез то ба Ванҷ 300–400 киллометрро тай намоянд».
Ба гуфтаи Шабдолов дар ин самт имкон дорад, танҳо тавасути кам намудани кормандони мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ хароҷотро каму идораро мукаммал намоем.
Мӯҳр