Аснои баргузории амалиёти вижа аз сӯи кормандони милиса дар пойтахт қотили Холмӯмин Сафаров боздошт гардид.
Тавре ба хабаргузории Озодагон аз дафтари матбуотии ВКД иттилоъ доданд, амалиёти дастгиркунии гумонбар рӯзи 14-уми июл ба анҷом расид: «Аммо бо назардошти халал нарасонидан ба раванди тафтишоти парвандаи қатли Холмӯъмин Сафаров, собиқ директори Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангал ва шикори Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шарҳи бештари қазия худдорӣ карда мешавад».
Тафтишоти пешакӣ ва чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ оиди дастгир намудани ҳаммаслакони шахси ҷинояти мазкурро содирнамуда бошад, идома дорад.
Ёдрас менамоем, ҳодисаи қатли Холмӯмин Сафаров, шавҳари хоҳари райисҷумҳур шаби 13-уми июн дар наздикии манзили зисташ, дар маҳаллаи "Автовокзал"-и шаҳри Душанбе (ҷои зисти марҳум- кӯчаи Сино, бинои 42/1, ҳуҷраи 35) рух дода буд. Фардои рӯзи дигар ВКД баёнияеро ба ин мазмун интишор кард, ки афроди номаълум раҳбари Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангал ва шикори Кумитаи ҳифзи муҳити зист Холмӯъмин Сафаровро тавассути таппончаи тамғаи "Макаров" аз қисмати рӯй, қафаси сина ва шикам захмӣ намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб мезананд. Ҷабрдида дар натиҷаи бардоштани ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ дар ҷойи ҳодиса ҳалок мегардад.
РS: Холмӯъмин Сафаров соли 1955 дар ноҳияи Восеъ ба дунё омада, факултаи биологияи ДМТ-ро хатм намудааст. То ба вазифаи директори МД «Хоҷагии ҷангал ва шикори Кумитаи ҳифзи муҳити зист» таъин шуданаш, сарварии корхонаи пахтатозакунии Данғараро ба зимма дошт.
Мӯҳр