Журналистон Аслиддин Достиев ва Аҳмади Иброҳим, ки ҷабрдидагон фарзандони онҳо будаанд, мегӯянд, «латукӯб ва шиканҷаи писарони мо ба хотири навиштаҳои ахирамон, ки дар матбуоти даврӣ ба нашр расидааст, мебошад. Аз ҷумла матолиби интиқодӣ, ки ба кабелдуздӣ дар шаҳри Кӯлобу ноҳияи Восеъ иртибот дошт. Дар он мавод аз фаъолияти кормандони милиса ва мақомоти маҳаллӣ изҳори нигаронӣ шуда буд».
Ин ду рӯзноманигори маҳаллӣ ҳамзамон афзуданд, «дар мавриди накзи ҳуқуқи фарзандонамон мо албатта ба додгоҳ ва мақомоти марбута шикоят мебарем, ҳоло бачаҳои мо аз муоинаи тиббӣ гузашта санади тасдиқкунандаи зарари ҷисмониро дар даст доранд. Ба ҷуз ин шоҳидони ҳодиса низ ҳастанд, ки далелро тасдиқ мекунанд». Мӯҳр« Ноябр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |