Аз бехудии хеш зи ҳам бехабар шудем,Аз бими якдигар ба ҳар кӯю дар шудем.Баҳри видои ёру диёр фурсате намонд,Аз тири нобакор ҳама дар ҳазар шудем.
Бо сели ашк тарк намудем диёру ёр,
Аз ғуссаи диёру нигор хунҷигар шудем.
Моту малол расида кунун бар диёри ғам,
Аз хасми ҳамдигар ба ин буму бар шудем.
Ҳар он чӣ мавҷи руд ба соҳил бурду рафт,
Чун шохаҳои руд хар сӯ сафар шудем.
Аз мижгони чашм ҳаме хуни дил разон,
З-он рӯ, ки аз сояи хеш дар хатар шудем.
Бо ҳавлу дар ҳарос ниҳодем рӯ ба раҳ,
Як дам ҳама ҷониби кӯҳу камар шудем.
Баҳри наҷоти хеш зи бегонаву худӣ ,
Чун тир аз камон зи меҳан бадар шудем.
Аз кавну макон дур фитодем, во дареғ ,
Он ҷо чу расидем, аз ин ҷо батар шудем.
Касро чӣ ғам ба ҳоли парешони зори мо,
Бе ёру бе бародару бе болу пар шудем.
Аз меҳри гарму оғуши модар дар канор,
Бе давлату бе тоҷи сару бе падар шудем,
Ин ҷомаи сабр бар тани мо парда дарида,
Зеро замон дигар шуду мо низ дигар шудем,
Бепарда гуфтугӯ чӣ хуб аст, сухан кунем,
Акнун, ки хама пардагару пардадар шудем.
Абдулқодири АЛАВӣ,
Маскав, июни 2012
Мӯҳр