Вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ба водии Зарафшони вилояти Суғд сафари корӣ анҷом дод.
Тавре ба Озодагон аз ин ниҳод иттилоъ доданд, вазорати меҳнат хабар доданд, аснои ин боздид Маҳмадаминов аз фаъолияту шароити кории зерсохторҳои вазорат дар шаҳру ноҳияҳои Панҷакент ва Айнӣ, раёсату шӯъбаи Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати шаҳру ноҳия аз наздик ошно гашт.
Бино ба иттилои манбаъ, дар рафти сафар вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз муасиссаи давлатии хона-интернати пиронсолон, маъюбон ва беморони рӯҳии шаҳри Панҷакент, ки дар он 80 нафар иқомат доранд, дидан намуд ва бо онҳо гарм мулоқот дошт.
Пас аз боздид аз зерсохтору идораҳои тобеъи вазорат, дар толори маҷлисгоҳи хурди ҳукумати ноҳияи Панҷакент мулоқоти Маҳмадамаин Маҳмадинов бо шаҳрвандон, сардорони раёсат ва шӯъбаҳои дахлдори макомоти иҷроияи хокимияти давлатӣ, раисони шаҳраку деҳот ва роҳбарони ташкилоту муассисисаҳо доир гардид. Ҷаноби вазир роҷеъ ба масъалаҳои меҳнат, ҳифзи иҷтимоӣ ва муҳоҷирати дохилӣ (ихтиёрӣ) ва экологӣ арзу дархости сокинонро шунида, ба масъулин пешниҳоду супориши муайн ироа намуд.
Мӯҳр