«Тоҷиктелеком» ба маблағи 3987 сомонӣ зарари молӣ дидааст. Бино ба қавли вазорати умури дохила,
аз филиали ин ширкат 5-метр ноқили гаронарзиши тамғаи ТПП дуздида шудааст. Афроди номаълум ба таври пинҳонӣ ба болои боми «Ваҳдат»-и шаҳри Қӯрғонтеппа баромада сими телефонро ғорат кардаанд. Пас аз баргузории амалиёти вижаи кормандони раёсати фаврӣ-ҷустуҷӯии вазорати дохила шаҳрванд Ғолиб Умарови 23-сола, сокини ҷамоати Чамоғулиёни ноҳияи Темурмалик бо д алели шайъӣ боздошт гардид. Тафтишоти қазия феълан идома дорад.
Мӯҳр