Бар асари як сониҳаи нақлиётӣ дар шарқи кишвар кӯдаки 8-сола ба ҳалокат расид.
Тавре аз РБДА ба хабаргузории Озодагон иттилоъ доданд, рӯзи гузашта (9-уми июл) ронандаи автомашинаи тамғаи «Нива-Шевролет» Корвонбек Корвонбекови 53- сола, сокини деҳаи Гармчашмаи ноҳияи Ишкошим, ҳангоми ҳаракат аз тарафи маҳаллаи Селхозтехника ба самти бозори марказии шаҳри Хоруғ бехатарии ҳаракати роҳро риоя накарда, ноболиғ Нуронаи Имроншо, сокини ноҳияи Рушон, деҳаи Дерзудро пахш намудааст. Бар асари он ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар дар табобатхона ба ҳалокат расидааст.
Ба қавли манбаъ, шабонарӯзи гузашта дар роҳҳои автомобилгарди ҷумҳурӣ 3 сониҳаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари он 1 нафар ҳалок гардида, 2 тани дигар захм бардоштаанд.
Мӯҳр