Бархе аз муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар озмуни фаннии хонандагони муасисаҳои мазкур иштироки хонандагонашонро дар давраи ҷумҳуриявии озмун таъмин накарданд.
Нуриддин Саидов, вазири маориф мегӯяд: «Аз ҷумла литсей касбии политехникии шаҳри Панҷакент, литсейи касбии саноати нафту гази шаҳри Исфара, Литсейи касбии техники №77 ноҳияи Шуғнон, литсей касбии саноати кишоварзии ба номи Ютако Акинои ноҳияи Данғара, омӯзишгоҳҳои касбӣ техникии №22, 32 шаҳри Кӯлоб, №13 ноҳияи Ховалинг, №51 ноҳияи Панҷ, №4 ноҳияи Тавилдара, №39 ноҳияи Тоҷикобод, №78 ноҳияи Ҷиргатол ва №61 ноҳияи Рашт ба ин гурӯҳ шомиланд».
Бино ба иттилои манбаъ, бори аввал пас аз соҳибистиқлол шудани Тоҷикистон дар соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ озмуни фаннии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар се давр гузаронида шуд.
Дар озмун аз фанни забонӣ русӣ 47 нафар, математика 38 нафар, биология 28 нафар, химия 34 нафар, физика 38 нафар , дар маҷмӯъ 185 нафар хонанда иштирок карданд.
Аз муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбии дар озмун иштирокнамуда литсейи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе сазовори ҷойи якум, литсейи касбӣ- техники махсуси маюбони Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон сазовори ҷойи дуюм ва литсейи касбии алоқаи шаҳри Душанбе сазовори ҷойи сеюм дониста шуда, бо тӯҳфаҳои хотирмон қадр карда шуданд.
Мӯҳр