«Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ ва нақши Шўрои ВАО дар таъмини риояи онҳо».
Таҳти чунин унвон дар китобхонаи ноҳияи Рашт ҳамоиши омўзишӣ доир гардид. Зумрад Лоиқова, зимни ташреҳи ин хабар ба Озодагон гуфт, дар ин чорабинӣ роҳбарону намояндагони идораҳои корҳои дохилӣ , прокуратура, суд, амният, маориф, фарҳанг, кор бо ҷавонон, занон ва оила, ташкилоти минтақавии журналистӣ ва рўзноманигорони ноҳия иштирок намуданд.
Раиси Шўрои ВАО-и Тоҷикистон Зинатулло Исмоилов перомуни фаъолияти Шўро сухан ронда, изҳор намуд, ки ҳамоиши мазкур идомаи фаъолияти гуногунҷабҳаи Шўрои ВАО-и Тоҷикистон дар мавриди татбиқи меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ мебошад. Аъзоёни Шўро- Иброҳим Усмонов ва Қироншо Шарифзода аз таърихи таъсиси ин ниҳоди худтанзимкунии фаъолияти журналистӣ ва зарурати таҳияву қабули меъёрҳои ахлоқӣ изҳори назар карданд.
-Доир намудани чунин чорабиниҳо, - изҳор дошт Зумрад Лоиқова, муовини раиси ноҳияи Рашт, -ба манфиати ҳам мақомоти давлатии ҳокимияти иҷроия ва ҳам ҷомеаи шаҳрвандист. Зеро маҳз дар чунин маҳфилҳо табодули назар роҷеъ ба муҳимтарин масоили ҷомеа имконпазир аст: « Аз ин хотир иқдоми Шўрои ВАО-и Тоҷикистон лоиқи дастгирӣ ва шоистаи пайравист».
Маврид ба ёдоварист, ки раиси ноҳияи Рашт, узви Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон Саидумрон Абдураҳмонов қабл аз баргузории ҳамойиш раиси Шўро ва аъзои раёсати онро ба ҳузур пазируфт. Масоили вобаста ба фаъолияти Шўрои воситаҳои ахбори оммаи ҷумҳурӣ, масъулияти журналистон ва риояи одоби касбии нигорандагон, риояи тавозуни назарҳо дар навиштҳои журналистон ва ҳолати нашрияи маҳаллии «Оинаи Рашт» меҳвари гуфтугўҳо буд. Саидумрон Абдураҳмонов изҳор дошт, ки сафари роҳбарияти Шўрои ВАО-и Тоҷикистон ба минтақаи Рашт ва дидору гуфтугўҳо бо роҳбарону намояндагони мақомоти давлатии ҳокимияти иҷоияи ноҳия ва рўноманигорони минтақа барои ба вуҷуд овардани журналистикаи босифат ва масъулиятпеша аҳамияти калон дорад. Дар навбати худ намояндагони роҳбарияти Шўрои ВАО –и Тоҷикистон перомуни ҳадафҳои ин ниҳоди журналистӣ сухан ронда, изҳор доштанд, ки баргузории ҳамоишҳои омўзишӣ аз ҷумла дар ноҳияи Рашт барои тавзеҳи бештари нақши Шўрои ВАО ба ҷомеа нигаронида шудааст.
Бояд гуфт, Шӯрои ВАО ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии ғайритиҷоратӣ, ихтиёрӣ, мустақил, машваратӣ ва худтанзимкунии ВАО буда, фаъолияти худро мутобиқи қонунгузории Тоҷикистон, санадҳои меъёрии байналмилалӣ, Оиннома ва Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон роҳандозӣ мекунад. Муассисони ин созмон Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон, АМВАОТ, АМВЭАОТ, Хазинаи гиромидошт ва дифоъ аз ҳуқуқи журналистон, ҶДММ «Оила», «Азия-Плюс», «Бонувони Тоҷикистон» ва СМТ мебошанд.
Мӯҳр