Ламиа Шакур, сафири Сурия дар Фаронса аз мақоми худ истеъфо дод.
Хонуми дипломат аз тариқи тезевизиони France 24 баромад карда эълон дошт, ки ба нишони эътироз бар зидди саркӯбии тазоҳуркунандагон даст ба чунин тасмим задааст. Ламиа Шакур аз идомаи нооромиҳо дар Сурия интиқод карда, гуфт, ки дархостҳои мардумро барои демократия ва озодиҳои бештар қонунӣ медонад.
Вазорати умури хориҷаи Сурия ва сафорати ин кишвар истеъфои дипломатро таъйид кардаанд, аммо аз шарҳи бештари мавзӯъ худдорӣ кардаанд.
Мӯҳр