Райиси ҲКТ, ҳамзамон вакили парлумони Тоҷикистон мӯътақид аст, ки танҳо бо ихтисори шумораи кормандон, ки 15 фоиз дар назар аст, мукаммалияту маҳсулнокии идораи давлатӣ дар кишвар таъмин намегардад.
Шабдолов барои самаранокии бештари идораи давлатӣ дар кишвар зарур мешуморад, ки аз кам кардани шумора дида бештар ба кайфияту сифати мудирият диққат дода шавад: «Аз ҷумла қисме аз вазоратҳо лоиқи ихтисор ва бори зиёдатӣ ба дӯши буҷет ҳастанд. Хароҷоти вазоратҳо аз ҳисоби буҷет аст. Ҳатмӣ нест, ки дар Тоҷикистон миқдори мавҷудаи вазоратҳо фаъолият намоянд. Дар Ҷопон ба ҳамон қадар бузургиаш ҳамагӣ 11 вазорат аст. Дар мо ба 14 адад мерасанд».
Ба гуфтаи Шабдолов ба истиснои вазоратҳои калидӣ аз қабили корҳои хориҷӣ, мудофиа, корҳои дохилӣ ва чандтои дигар боқимондаро имкон дорад ба шакли корпоратсия гузаронем:«Корпоратсия, ин яъне хароҷоташ аз ҳисоби буҷет нест. Худаш сарфу дахлашро мебинад, масъалаи кадрҳоро ҳал мекунад, даромад мегирад ва ҳатман, ки ба буҷет маблағ ворид менамояд».
Шабдолов мегӯяд, дар Тоҷикистон ду сохторе мавҷуданд, ки онҳоро метавон осон ба корпоратсия табдил дод: «Имкон дорад, сохтори барқи тоҷик ба корпоратсия табдил ёбад. Аз буҷети давлатӣ равона намудани маблағ ба ин сохтор ҳоҷат намемонад. Дуюм сохтор, ки имкони созмони корпоратсияро дорад, ин агросаноатӣ аст. Айни ҳол ба ин бахш аз ҳисоби буҷет маблағ равона мешавад».
Дар ҳамин ҳол, Шабдолов таъкид мекунад, ки бе ислоҳот дар шакли идоракунӣ танҳо тариқи коҳиши шумораи кормандон натиҷаи дилхоҳ ба даст намеояд.
Мӯҳр