Ҳукумати Британияи Кабир барои дастгирии занони 10 ноҳияи вилояти Хатлон ва се ноҳияи тобеи марказ 1,5 миллион доллари амрикоиро ба сифати кӯмак равона мекунад.
Бо сарфи ин маблағ созмони «Наҷоти кӯдакон» -и ин кишвар дар ноҳияҳои Тоҷикистон барномаи «Тавоноӣ ва дороии зан» - ро амалӣ карда истодааст.
Масъулини «Наҷоти кӯдакон» мегӯянд, дар доираи лоиҳа занон як гурӯҳро ташкил намуда, ҳар моҳе як миқдори маблағи ночизро дар он пасандоз мекунанд:
«Маблағҳои ночизи пасандозшударо занон барои густариши кори хоҷагиашон, ҳалли мушкилоти иқтисодию иҷтимоиашон равона мекунанд».
Барнома аз аввали соли ҷорӣ оғоз шуда, то моҳи марти соли 2015 идома хоҳад ёфт. То ҳол дар ноҳияҳо аллакай то 10 – 12 гуруҳҳои занон ташкил шудаанд. Ҳаҷми хазинаашон то ба 3,5 ҳазор сомонӣ расида, дар назар аст, минбаъд афзоиш хоҳад ёфт. Гурӯҳи занони деҳаи Рӯзободи ноҳияи Вахш дар қатори дастовардҳои асосиашон то ҳол аз ҳисоби хазина харидани яхдон барои бунгоҳи тиббиашон, таъмири ҷӯйбор ва ғайраро ном бурданд. Қисме аз занон аз хазинаҳо пасандознамудаашон як миқдор қарз гирифта, тиҷоратро роҳандозӣ намудаанд.
Мӯҳр