Бо сабаби марги беш аз 170 нафар дар пайи як офати табии обхезӣ дар вилояти Краснодар имрӯз дар тамоми Русия рӯзи мотам эълон шудааст.
Ёдовар мешавем, ки бар асари боришоти зиёд дар вилояти Краснодари Русия обхезӣ ба амал омада ба маълумоти соати 10- и субҳи имрӯз ҷони 171 нафарро рабуда, беш аз 24 ҳазори дигар осеб бардоштаанд. Ҳамчунин гуфта мешавад, 3300 нафар аз амволашон ба пуррагӣ маҳрум шуда, 96 хона ба тамом тахриб гардидааст.
Ин дар ҳолест, ки раҳбарияти сохторҳои изтирорӣ аз кори номуташаккили мақомоти маҳаллӣ ва зердастонашон дар ин минтақа изҳори норозигӣ кардаанд. Сохтори огоҳии мардум ба таври бояд фаъолият накард, иқрор кардааст вазири ҳолатҳои изтирории Русия.
Владимир Пучков ҳамчунин гуфт, ҳарчанд огоҳии мардум дар вақташ сурат гирифта бошад ҳам, аммо тадбирҳои фаврӣ андешида нагуданд. “Аз сӯи роҳбарияти ҳукумати маҳаллӣ ва сохторҳои алоҳида хатоҳои ҷиддӣ роҳ дода шуданд. На ҳамаи мардум сари вақт аз ҳолати изтирорӣ огоҳ карда шуданд” - гуфтааст Пучков.
Дар ҳамин ҳол, губернатори вилояти Краснодар Александр Ткачев гуфтааст, барои ҳамаи осебдидагон то сардиҳои аввал манозили истиқоматӣ сохта хоҳад шуд.
Президенти Русия, ки аз ҷойи офат дидан кард, ҳамчунин ба Кумитаи тафтишот супориш додааст, то гунаҳгорони ҳодисаро ошкор намуда, ба муҷозот кашад.
Шурӯъ аз пагоҳ барои аҳли оилаи марҳумон ва осебдидагон кӯмакҳои пулии ваъдашудаи ҳукумати марказиву маҳаллӣ шурӯъ хоҳад гашт.
Мӯҳр