Дар салони тайёраи «Айробус-320»-и ФБД мусофирон байни ҳам задухӯрд карданд.
Тавре ба Озодагон аз ВКД иттилоъ доданд, тартиботи ҷамъиятӣ дар хати парвози Душанбе- Санкт-Петербург вайрон карда шудааст.
Манбаъ афзуд, Бобоҷон Арабови 24- сола, сокини кӯчаи Аҳмади Дониш, Камила Раҳимоваи 19- сола, сокини кӯчаи 50-солагии Тоҷикистон ва ноболиғ -Эраҷ Насриддинови 16 сола, маскуни кӯчаи Пайрав Сулаймонии шаҳри Душанбе дар иртибот ба ин ҳодиса дастгир гардиданд.
Гуфта мешавад, ин афрод дар дохили тайёра даст ба бетартибиву кашмакаш зада, тартиботи ҷамъиятиро тайи 30 дақиқа вайрон намудаанд. Онҳо якдигарро таҳти лату кӯби шадид қарор додаанд, ки дар натиҷа Арабов Бобоҷон ва Эраҷ Насриддинов ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштаанд.
Мӯҳр