Дар ин бора ба хабаргузории Озодагон аз РКД-и вилояти Суғд иттилоъ доданд.
Тибқи иттилои манбаъ, ронандаи сабукрави тамғаи «Мерседес-Бенс», сокини 43-солаи ҷамоати Пулодони нохияи Конибодом Абдуллоев Фарҳод ҳангоми ҳаракат бо роҳи мошингарди «Конибодом-Равот» дар километри 7-уми роҳ саросема шуда, аз роҳ мебарояд. Азбаски сарнишини мошин бехатарии роҳро таъмин карда натавонист, нақлиёти таҳти идораи ӯ ба дарахти сари роҳ бармехӯрад.
Дар натиҷа, ронанда ва мусофири он, сокини 52-солаи ҳамин мавзеъ Валиҷон Акрамов дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расиданд.
Мӯҳр