Дар масъалаи рушди ҳамкориҳои иқтисодиву сармоягузорӣ иқтидору нерӯи зиёд миёни Тоҷикистон ва Ҷопон мавҷуданд, аммо то ҳол, мутаасифона аз он истифода карда намешавад.
Ин нуктаро Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон Давлаталӣ Саидов зимни мулоқоташ бо сафири Ҷопон дар Тоҷикистон ҷаноби Ҳироюки Имхаши иброз дошт.
Тавре ба Озодагон аз кумитаи мазкур хабар доданд, дар ҷараёни ин мулоқот Давлаталӣ Саидов зикр намуд, ки вақти он расидааст, ки онњо талоши худро дар якҷоягӣ идома дода, ҷиҳати суръатбахшии ҳамкориҳои байни доираҳои соҳибкории ҳар ду давлат чораҳои таъсирбахш андешанд.
Бино ба иттилои манбаъ зимни ин мулоқот инчунин қайд карда шуд, ки Тоҷикистон дорои фазои мусоид ва иқтидору имкониятҳои сармоягузорӣ мебошад ва ҷалби сармоягузорони ҷопонӣ ба бозори иқтисодии Тоҷикистон яке аз марҳилаҳои муҳими рушди муносибатҳои давлатҳо хоҳад гардид.
Мӯҳр