Масъулини Бонки осиёии рушд, ки айни ҳол дар Душанбе қарор доранд, масъалаи ҷудо намудани 6 миллион доллари грантро барои харидории истгоҳҳои бодию офтобӣ баррасӣ карда истодаанд.
Тавре аз Маркази омӯзиш ва истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия хабар доданд, дар назар аст, ки маблағи мазкур ба сифати грант ба ҳукумат ҷудо гардад. Ҳукумат онро миёни муассисаҳои қарздиҳии хурди ноҳияҳо тақсим мекунад. Ба шаҳрвандоне, ки мехоҳанд манбаъҳои барқароршавандаи энергияро истифода намоянд, муасисаҳои қарздиҳии хурд аз ҳисоби гранти БОР қарзҳои имтиёзнок хоҳанд дод.
Ба иттилои манбаъ соли гузашта таи се моҳ намояндагони БОР дар Тоҷикистон имконияти истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия, таваҷҷӯҳи мардум ва қобилияти пардохтпазириашонро омӯхта, ба хулосае омадаанд, ки ин барнома дар Тоҷикистон самаранок хоҳад буд.
Мӯҳр