Як зани ҳашишфурӯш дар беморхона боздошт гардид.
Тавре ба «Озодагон» аз дафтари матбуотии вазорати умури дохилаи Тоҷикистон иттилоъ доданд, аснои баргузории як амалиёти вижаи ҷустуҷӯӣ дар маркази миллии табобатии ҷумҳуриявӣ, воқеъ дар кӯчаи Исмоили Сомонӣ, интиқолгари маводи нашъадори «ҳашиш» ба даст афтод. Гуфта мешавад, Хурсанд Ҳамроеваи 54 сола, сокини рустои Қӯзибачаи ҷамоати Навободи ноҳияи Турсунзода дар борхалтааш ҳудуди 840 грамм ҳашиш дошта, мехостааст ин миқдор мухаддиротро ба савдо занад. Бино ба қавли манбаъ, далели шайъӣ гирифта шуда, тафтишоти қазия аз сӯи кормандони милиса феълан идома дорад.
Мӯҳр