Ҳаракати ҳавои гарми биёбонӣ аз сӯи нимҷазираи Арабистони Саудӣ ба ҷониби кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон пешгўӣ мешавад.
Парвина Сайидҷамолова, мудири шўъбаи пешгўии обу ҳавои Маркази обу ҳавошиносии Тоҷикистон ба Озодагон гуфт, бо ҳаракати ҳавои гарми Саудӣ ба Тоҷикистон, ки он рўзҳои 9, 10 ва 11 июл дар назар дошта шудааст, ҳарорати ҳаво нисбат ба рўзҳои феълӣ то се чор дараҷа боло рафта, дар пойтахт рўзона ҳарорат аз 40 дараҷа боло меравад, дар қисмати ҷанубии кишвар бошад, гармии ҳаво ба 45 дараҷа хоҳад расид. Манбаъ мегӯяд, дар ин давра ҳарорати ҳаво дар вилояти Суғд шабона 19-24 рўзона 39-44, дар вилояти Хатлон шабона 21-26, рўзона 40-45 дараҷа гарм, дар Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон /ВМКБ/ шабона 17-22, рўзона 33-36 дарҷа гарм.
Ҳамзамон, дар ғарби Бадахшон ҳаво то 40 дараҷа гарм шуда, дар шарқӣ он шабона 4-9, рӯзона то 25дарҷа гарм мешавад.
Мӯҳр