Садамаи нақлиётӣ ҷони як нафарро гирифт.
Тавре ба хабарнигори Озодагон дар Раёсати умури дохилии вилояти Суғд иттилоъ доданд, Бахтиёр Ғаниев, ронандаи сабукрави «Лексус» аснои ҳаракат аз ҷониби минтақаи осоишгоҳи «Баҳористон» ба тарафи шаҳри Қайроқум дар рӯ ба рӯи осоишгоҳи «Шифо» бехатарии ҳаракати роҳро таъмин накарда, ба самти муқобили ҳаракати роҳ мебарояд ва мопеди (скутер)-и таҳти идораи Хуршед Намозбоевро зер мекунад.
Дар натиҷа Намозбоеви 33 сола, сокини шаҳраки Комсолский, барқчии осоишгоҳи «Баҳористон» аз ҷароҳатҳои бардошта, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат мерасад. Ронандаи 34 солаи «Лексус» бошад, аз ҷои ҳодиса ғайб мезанад. Аммо кормандони милиса ӯро дастгир мекунанд. Феълан, тафтишоти парвандаи мазкур идома дорад.
Мӯҳр