Дурнамои рушди ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея барасӣ гардид.
Тавре ба Озодагон аз ВКХ хабар доданд, ин масъала зимни мулоқоти Ҳамрохон Зарифӣ, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Хан Дук-Су, сарвазири Ҷумҳурии Корея ва ҳамзамон раиси ассосиатсияи байналхалқии савдои он кишвар матраҳ шудааст.
Ёдовар мешавем, Ҳамрохон Зарифӣ ҷиҳати ширкат дар 6-умин Форуми ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Корея ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Корея сафар кард.
Бино ба иттилои манбаъ, бахшида ба баргузории Форуми мазкур Хан Дук-Су зиёфат барпо намуд, ки зимни он вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон аз номи тамоми сарони ҳайатҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ бо нутқи сипосӣ баромад кард. «Аснои суханронӣ ӯ изҳори умедворӣ намуд, ки ташаббуси Ҷумҳурии Корея дар пешбурди муколама дар ҳошияи Форуми мазкур барои тавсеаи минбаъдаи ҳамкории ду кишвар ва минтақа саҳми сазовор хоҳад гузошт»,-афзуд манбаъ.
Мӯҳр