Тайи 10 рӯзи охири моҳи гузашта нархи себ дар бозорҳои пойтахт ҳудуди 30 фоиз коҳиш ёфт.
Тавре ба хабаргузории Озодагон аз Вазорати рушди иқтисод ва савдо иттилоъ доданд, айни ҳол ба ҳисоби миёна нархи себ дар пойтахт 7 сомонию 75 дирамро ташкил медиҳад, ки қаблан баробари 11 сомониву 25 дирам буд.
Манбаъ таъкид кард, ки себи аз ҳама арзон дар бозори «Деҳқон» буда, арзиши он 6 сомониро ташкил медиҳад, дар бозори «Саховат» ин нишондод ба 7 сомонӣ баробар мебошад. Нархи аз ҳама гарони себ дар бозорҳои «Шоҳмансур»-у «Варзоб» мушоҳида карда шуд, ки як кило себ ба 9 сомониро ташкил медиҳад.
Мӯҳр