Бонки Осиёии Рушд дар якҷоягӣ бо ҳукумати Тоҷикистон дар татбиқи 12 лоиҳа дар соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллӣ ба маблағи умумии 510,8 миллион доллари ИМА сачҳм гузошт.
Ин нукта зимни мулоқоти Шариф Раҳимзода, вазири рушди иқтисод ва савдои ҶТ бо хонум Асел Чингишева, намояндаи БОР дар Тоҷикистон иброз гардид.
Зимни ин ҳамоиш масъалаи маблағгузории бонки мазкур дар рушди иқтисодиёти кишвар, татбиқи лоиҳаҳои муштарак ва дурнамои ҳамкориҳо миёни ҷонибҳо баррасӣ гардид. Гуфта мешавад ҳиссаи бештари маблағгузории Бонки Осиёии Рушд ба бахшҳои афзалиятноки энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ, ҳифзи муҳити зист, обёрӣ ва ғайра рост меояд: «Аз оғози татбиқи лоиҳаҳо то моҳи апрели соли ҷорӣ дар доираи барномаҳои ҳамкорӣ 207,5 милион доллари ИМА азхуд карда шудааст».
Манбаъ мегӯяд, ҷонибҳо атрофи нақшаю тадбирҳои мутақобилан судманд барои солҳои 2012-2014 ибрози назар намуданд.
Мӯҳр