Эмомалӣ Раҳмон, президенти кишвар як қатор қонунҳоро, ки аз тарафи Маҷлиси намояндагон қабул гардида, Маҷлиси миллӣ онҳоро ҷонибдорӣ намудааст, ба имзо расонид.
Тавре ба Озодагон аз дафтари матбуотии райисҷумҳур иттилоъ доданд, зимнан Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти савдои хориҷӣ», «Дар бораи мараторияи санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ», «Дар бораи баҳисобгирии инфиродӣ дар низоми суғуртаи ҳатмии нафақавӣ», «Дар бораи амнияти нақлиётӣ», ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи намунаҳои саноатӣ», «Дар бораи тамғаҳои молӣ ва тамғаҳои хизматрасонӣ», «Дар бораи ишораҳои ҷуғрофӣ», «Дар бораи ихтироъ», «Дар бораи бойторӣ» аз ҷумлаи онҳо мебошанд.
Ҳамзамон, райисҷумҳур тағйирот ба Кодекси ҷиноӣ дар мавриди ҳазфи бандҳои марбут ба "тӯҳмат" ва "тавҳин"-ро ба имзо расонид. Аз ин ба баъд, моддаҳои тӯҳмату таҳқир аз қонунгузории ҷиноии Тоҷикистон хориҷ гардида, ба қатори қонуншиканиҳои шаҳрвандӣ шомил шуданд ва бо нашр шудан дар матбуоти расмӣ, ҳукми қонунӣ мегиранд.
Мӯҳр