Ин фанноварии бесими ҷадид, ки технологияи насли дуввум ва сеюмро таҳти пӯшиш қарор медиҳад, имконияти афзоиши зарфияти шабакаро фароҳам карда, минтақаи фаъолияти онро васеъ менамояд.
Зимнан, муштариён дар минтақаи Хатлон имкон пайдо карданд, то аз интернети мобилӣ бо суръати миёнаи 1Мбит/с истифода баранд. Шаҳноз Комилзода, пиар-менеҷери ширкати МегаФон-Тоҷикистон мегӯяд, тайи як моҳи охир дар вилояти Хатлон даҳ истгоҳи иртиботии бесим дар ҷамоати Фрунзеи ноҳияи Румӣ, дар участкаҳои Хилолӣ, Меҳнатобод ва Ҷомии ноҳияи Хуросон, ҳамчунин дар деҳаи Янгиободи ноҳияи Ҷиликул, рустоҳои А. Муродов ва Ш. Саъдиеви ноҳияи Шаҳритус, ноҳияи Фархор ва дар шаҳри Қӯрғонтеппа дар кӯчаи Айнӣ 39 мавриди баҳрабардори қарор гирифт.
Дар ҳоли ҳoзир шабакаи МегаФон аз нисф зиёди қаламрави Хатлонро фаро гирифта интернети босуръат ба тамоми ноҳияҳои минтақа дастрас мебошад.То охири сол, боз панҷ толори МегаФон барои сокинони Хатлонзамин мавриди баҳрабардори қарор хоҳад гирифт.
Мӯҳр