Бахшҳо

Вазорати маориф норасоии аттестатро бо айби КТН «Шарқи озод» унвон кард

Сабаби ба таъхир афтодани чопи ҳуҷҷатҳои  намунаи давлатӣ ин нуқсони техникӣ аз ҷониби Комплекси табъу нашри «Шарқи озод», ки масъули чопи ҳуҷҷатҳои намунаи давлатӣ дар бораи таҳсилот (шаҳодатномаи хатми таҳсилоти асосӣ ва миёнаи умумӣ) аст, мебошад.

Тавре ба Озодагон аз вазорати маориф иттилоъ доданд, зимни қабули ҳуҷҷатҳои мазкур муайян карда шуд, ки навиштаҷоти муқоваи шаҳодатнома дар бораи таҳсилоти миёнаи умумӣ бо навиштаҷоти дохили он мувофиқат намекунад. Ин нуқсони техникӣ аз ҷониби Комплекси табъу нашри «Шарқи озод» рух додааст.
Бино ба иттилои манбаъ, инчунин барои пешгирӣ намудани амалҳои коррупсионӣ ҳангоми тақсимоту гирифтани шаҳодатномаи хатми таҳсилоти умумии асосӣ ва миёнаи умумӣ Вазорати маорифи Тоҷикистон «Тартиби қабул, бақайдгирӣ, нигоҳдорӣ ва супоридани ҳуҷҷатҳои намунаи давлатӣ дар бораи таҳсилот»-ро аз сари нав коркард намуд, ки тибқи он ҳуҷҷатҳои намунаи давлатӣ дар бораи таҳсилот танҳо баъд аз пешниҳоди нусхаи фармоиш оид ба хатми хатмкунандагон дода мешавад.     
Бо мақсади пешгирӣ намудани овозаҳои беасос, ки боиси нигаронии хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии Тоҷикистон ва падару модарони онҳо гаштааст, Вазорати маориф тасмим гирифт, ки дар мӯҳлати кӯтоҳтарин чопи ҳуҷҷатҳоро роҳандозӣ карда, дастраси муассисаҳои таълимӣ намояд.
Ҳамзамон итттилоъ дода мешавад, ки то ба имрӯз  муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳрҳои Душанбе, Хоруғ, Роғун, Турсунзода ва ноҳияҳои Рӯдакӣ, Варзоб ва Тавилдара бо ҳуҷҷатҳои намунаи давлатӣ дар бораи таҳсилот пурра таъмин шудаанд.   
Зимнан, бо дарназардошти вазъи баамаломада Вазорати маорифи Тоҷикистон тамдиди мӯҳлати қабули ҳуҷҷатҳои довталабонро ба муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ дар назар дорад.



Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)