Имсол дар Тоҷкистон шумораи умумии нафароне, ки дар натиҷаи ғарқшавӣ ба ҳалокат расидаанд ба 40 нафар расид, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давари соли гузашта 26 нафар кам аст.
Ориф Нозимов, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ ба хабаргузории Озодагон иттилоъ дод, ки ҳарчанд дар нимсолаи аввали соли гузашта шумораи ғарқшудагон 66 нафарро ташкил дода буд ва нисбати соли равон кам аст, вале ин ҳолат ҳамоно ташвишовар аст. Номбурда мегӯяд, дар вилояти Хатлон -6 нафар, ВМКБ 6 нафар, Суғд-11 нафар, минтақаи Рашт-7 нафар, Ҳисор-5 нафар, шаҳри Душанбе-5 нафар ба қайд гирифта шудааст: «Кумитаи мазкур дар мавсими шиноварӣ дар дарёҳо, обанборҳо, каналҳо ва ҳавзҳо, ки ба таҳдиди эҳтимоли ғарқшавии шаҳрвандон оварда мерасонад, аз ҳамагон эҳтиёткориро талаб менамояд». Бино ба иттилои манбаъ, маҳз дар натиҷаи риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми шиноварӣ дар дарёҳо ва кӯлҳо соли сипаригашта дар кишвар 118 шаҳрванди ҷумҳурӣ ба ҳалокат расиданд. Бинобар ин барои дучор нагардидани ба чунин ҳодисаҳо ҳангоми шиноварӣ дар дарёҳо, кўлҳо қоидаҳои бехатариро риоя намоед ва аз оббозӣ дар ҷойҳои манъшуда ва дарёҳои тезҷараён худдорӣ кунед, афзуд манбаъ.
Мӯҳр