Бахшҳо

Пирӯзии ҷавонони Тоҷикистон дар футбол, аммо бенатиҷа

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи интихобии қаҳрамонии футболи Осиё (U-22) тими ҷавонони Қатарро бо ҳисоби 4:2 шикаст дод.

Аммо натиҷаи ин бозӣ барои ба даври дигар баромадани тими мо нақше намебозад. Ин сабқати даври панҷуми гурӯҳи «С» буда, имрӯз, 3- юми июл дар варзишгоҳи «Ханг Ҷебат»-и шаҳри Малакаи Малайзия баргузор гардид. Нимаи аввали дидор бо ҳисоби 0:1 ба фоидаи футболбозони Қатар анҷом ёфт.
Дар қисмати аввали вохӯрӣ Фирдавс Қурбонов, бозигари мунтахаби ҷавонони кишвар чанд имконияти хуби голзаниро истифода карда натавонист. Ҳамин тариқ Дчасер Яхиа Мадани, бозигари Қатар дар дақиқаи 41-уми сабқат ҳисобро   кушод.
Нимаи дуюми сабқат Азимҷони Юнусзода, ҳамлагари мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (дар дақиқаи 57-ум) тӯбро ба дарвозаи ҳариф ворид намуда, ҳисобро баробар намуд. Дар дақиқаи 70-ум Шодибек Ғаффоров аз имконияти хуби голзанӣ (ҷаримаи ёздаҳметра) хуб истифода намуда, голи дуюмро зад. Абдулло Афифа, бозингари дигар тими Қатар пас аз ду дақиқаи голзании ҷавонони Тоҷикистон дар дақиқаи 72-юм ҳисобро баробар намуд. Дар дақиқаи 85-уми дидор Азимҷони Юнусзода голи дуюми худро ба ҳадаф расонида, ин дафъа ҳисобро тағйир дод. Шодибек Ғаффоров голи дуюми худро дар дақиқаи охирини вақти асосии сабқат, дақиқаи 90-ум вориди дарвозаи ҳариф намуда, ғалабаи дастаашро таъмин намуд.       
Ёдрас менамоем, мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар нахустин бозӣ аз тими Баҳрайн бо ҳисоби 1:2 мағлуб гардида, дар дидори дуюм мунтахаби Малдивро бо ҳисоби 2:1 шикаст дод. Дар бозии даври сеюм бошад, аз тими Қувайт бо ҳисоби 0:1 мағлуб шуд. Дар бозии даври чорум бошад, аз тими Эрон бо ҳисоби 0:2 шикаст хурда буд.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Декабр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)