Соманаҳолӣ Кришна, Вазири корҳои хориҷии Ҳиндустон зӯҳри имрӯз вориди Душанбе шуд.
Тибқи иттилои ВКХ, номбурда ба Тоҷикистон ҷиҳати анҷоми як сафари дурӯза омадааст. Дар ҷараёни ин сафар ҷаноби Кришна бо Ҳамрохон Зарифӣ, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон ва Эмомалӣ Раҳмон, президенти кишвар дидор ва гуфтугӯ анҷом хоҳад дод.
Ҳадаф аз сафари вазири корҳои хориҷаи Ҳиндустон тавсеаи ҳамкориҳои стратегӣ, иқтисодӣ ва энергетикӣ миёни ин ду кишвар маънидод мешавад. Зимнан дар дидор ва мулоқот бо мақомоти Тоҷикистон ҳамчунин вазъи амнияти минтақа, мубориза бо терроризм ва қочоқи маводди мухаддир ва вазъ дар Афғонистон мавриди баҳсу баррасӣ қарор хоҳад гирифт.
Мӯҳр