Сониҳаи нақлиётӣ дар шоҳроҳи Ваҳдат-Рашт-Ҷиргатол мунҷар ба марги ду нафар шуд.
Тибқи иттилои РБДА, рӯзи гузашта (1-уми июл) ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра»- Шервон Шодиеви 27- сола, сокини шаҳраки Ғарми ноҳияи Рашт асноии ҳаракат аз тарафи Ғарм ба самти ноҳияи Тоҷикобод, дар километри 163-юми шоҳроҳи Ваҳдат-Рашт-Ҷиргатол аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба тарафи чапи роҳ баромада, ба бетони канори роҳ бархӯрдааст. Дар натиҷа, мусофирони автомашинаи мазкур Муҳаммад Лутфуллоеви 16- сола ва Мустафо Зоирови16- сола, сокинони шаҳраки Ғарм, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар касалхона ба ҳалокат расидаанд. Мусофири дигар, Саймухтор Ҳоҷиеви15- сола ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шудааст.
Худи ҳамон рӯз, тахминан соати 12:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс» рақами қайди давлатиаш ЕТ 39-93 01 РТ -Сунатулло Ҳабибуллоеви 27- сола, сокини деҳаи Баҳористони ноҳияи Рӯдакӣ ҳангоми ҳаракат аз тарафи кӯчаи Ҷавонон ба самти шаҳри Душанбе бехатарии ҳаракати воситаи нақлиётро риоя накарда, пиёдагарди ноболиғ Дилнора Ашӯроваи 5 -сола, сокини шаҳраки Сомониёни ноҳияи Рӯдакиро пахш намудааст. Ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ гирифта, дар маҳалли ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Сарчашмаи хабар илова намуд, ки шабонарӯзи гузашта дар роҳҳои нақлиётгарди ҷумҳурӣ 9 сониҳаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари он 3 нафар ба ҳалокат расида, 11 тани дигар ҷароҳат гирифтаанд.
Мӯҳр