Масъулини КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» барои афзоиш додани мусофирбарӣ, иброз намуданд, ки бо зиёд шудани мусофирон хатсайрҳои муваққатан манъ- шударо барқарор бояд кард.
Тавре аз Вазорати нақлиёт ба хабаргузории Озодагон иттилоъ доданд, Амонуллои Ҳукуматулло, роҳбари корхонаи «Роҳи оҳани Тоҷикистон» зимни як нишаст роҳбарони хадамоту муассисаҳои ин ниҳоди давлатиро вазифадор кардааст, ки барои бартараф намудани бекористии вагонҳо чораҷӯӣ намоянд ва вагонҳои бозистодаро дар сарҳадот ҳар чӣ зудтар равон кунанд: «Вобаста ба ин масъала масъулини соҳа супориш гирифтанд ва оид ба зиёд намудани мусофиркашонӣ чораҳои муассир андешиданд».
Манбаъ мегӯяд, Амонуллои Ҳукуматулло зимни баромадаш дар ин ҳамоиш илова намудааст, ки барои тезондани кор дар иншооти сохтмонии роҳи оҳани Ваҳдат – Ёвон ҷадвали навбатдории комиссияро ташкил карда, аз ҳисоби роҳбарони масъул корро дар вақти муайяншуда ба истифода диҳанд.
Мӯҳр